Ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав пайиҳам аз иҷрои нақшаи пахтачинӣ мужда доданд. Баҳри қадрдонии пахтакорон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ин ноҳияҳо сафари кори анҷом дод.
Аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Хатлон иттилоъ доданд, ки пахтакорони ноҳияи Қубодиён 15001,7 тонна пахта, ноҳияи Шаҳритус 11222,9 тонна пахта, ноҳияи Носири Хусрав 6808,5 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин баробари зиёда аз 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Аз аввали мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта 14 шаҳру ноҳияҳо Бохтар, Левакант, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Кӯшониён, Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро карданд.
Дар маъракаи пахтасупорӣ шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонӣ қафомонда мебошанд.
Ба иттилоъи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон 254 ҳазору 300 тонаро ташкил медод, ки то санаи 28 октябри соли ҷорӣ пахтакорони вилояти Хатлон 243 ҳазору 192 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки ин баробари 95,63 дарсади нақша мебошад.
Айни замон дар саҳро ҳосили пахта фаровон буда, чинакчиён саргарми ҷамъоварии ҳосили он мебошанд ва азм доранд, то пағаи охири пахта ҳосили онро ҷамъоварӣ намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь