Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Рӯзи табибон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таҷлил гардид.

Бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои кормандони соҳаи тандурустӣ ва заҳмату талошҳои онҳо дар самти ба роҳ мондани муолиҷа, ташхису табобат ва пешгирии бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ ҳамасола 18 август аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамчун Рӯзи касбии табибон эълон гардида, тибқи қонунгузории кишвар ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид шудааст.
Дар ин рӯз 6 табиби вилояти Хатлон соҳиби ҷоизаи Ворисони Сино гардида, Беморхонаи Ховалинг беҳтарин муассиса, ҳамзамон Диловар Шарипов  аз беморхонаи Данғара беҳтарин табиби сол, Забзагул Саидов  беҳтарин корманди миёнаи тибии сол,  Юсуф Абдураҳмонов ҷоизаи  беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят гардиданд.
Дар ин рӯз  ба  28 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ вилоятт Хатлон  сипоснома раиси вилоят супорида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь