Имрӯз дар варзишгоҳи марказии “Вахш”-и шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ, варзишгарон, собиқадорони футбол, ҷавонон ва дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, инчунин собиқадорону варзишгарони номдор ва садҳо ҷавонони боистеъдод иштирок намуданд.

Нахуст, муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат паёми шодбошии раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро ба ҳозирин расонида, таъкид намуд, ки футбол ҳамчун варзиши рақами як дар ҷаҳон нақши муҳимеро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстӣ байни халқҳо мебозад. Вай афзуд, ки дастгирии варзишгарон ва рушду тараққии футбол аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти вилоят маҳсуб мешавад.

Сипас, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода баромад карда, паёми шодбошии президенти ФФТ Рустами Эмомалиро ба иштирокчиён ва мухлисони футбол ироа намуд. Ӯ дар суханрониаш таъкид кард, ки Федератсияи футбол ҳамеша кӯшиш менамояд, то барои рушду тарғиби футбол, бахусус миёни наврасону ҷавонон, тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам оварад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь