Дар вилояти Хатлон пардохти рухсатпулии омӯзгорон аз аввали моҳи май оғоз ёфта, то имрӯз пурра пардохт карда шуд. Дар ин бора имрӯз сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Чиллазода Аъзамон зимни нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст.

Ӯ гуфтааст, ки  рухсатпулии омӯзгорони вилояти Хатлон  317 миллион сомониро ташкил медод, ки он то имрӯз  пурра пардохт гардид. Гуфтаҳои сардори Сарраёсатро Файзалӣ  Маҳмадуллоев, сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён тасдиқ карда афзудааст, ки “дар ноҳияи Кӯшониён рухсатпулии омӯзгорон, ки  17 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медод, пурра пардохт карда шудааст”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь