Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта бо иштироки зиёда аз 50 ҳазор нафар баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, омӯзгорону хонандагон ва сокинон иштирок карданд.
Баъдан дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳ баргузор гардида, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода аз номи раиси вилоят ҳамаи сокинони вилоят ва кишваро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфт.
Дар охир барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь