Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон, пахтакорони ноҳияро барои иҷрои саривақтии нақшаи ҷамъоварии пахта бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуд.
Раиси вилояти Хатлон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Сафир» боздид намуда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок ва ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим кард.
Зикр шуд, ки фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо барои афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти ватанӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ муҳим аст.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорон ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии пахтаро беш аз 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 22 ҳазору 268,4 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд. Ин рақам дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз лиҳози иҷрои дурнамо ҷойи чорумро нишон диҳад ҳам, вале аз ҷиҳати ҳаҷми супориш дар сатҳи вилояти Хатлон ва дар байни шаҳру ноҳияҳои кишвар ноҳияи Ёвон бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва дар муҳлати кутоҳтарин таъмин намудан, мавқеи якумро сазовор гардид.
Бояд гуфт, ки чунин дастовард дар даврони соҳибистқлолӣ бори аввал ба кишоварзону пахтакорони ноҳия муяссар шудааст, ки барои тамоми мардуми заҳматкаши ноҳия рӯйдоди таърихӣ аст.

Хатлон: Раиси вилоят пахтакорони Ёвонро қадрдонӣ кард
Блоки рекламавӣ


