Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи бо як гурӯҳ ятимони кул дидору мулоқот намуда, ба онҳо сару либоси мактабӣ тақдим кард.
Раиси вилоят таъкид кард, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накӯи ниёгон шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ анҷом медиҳанд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои наврасону ҷавонон, бахусус нафарони бепарастор ва фарзандони оилаҳои ниёзмандро дар навбати аввал қарор додааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим ва будубоши ятимон дар мактаб – интернатҳои мамлакат ва бо ҷои кор таъмин шудану шарафёб гардидани ин қишри ҷомеъа ба зиндагии арзанда корҳои назаррасу самарабахш анҷом дода мешаванд.
Ятимони барои дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.