Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дода, дар ифтитоҳии бинои иловагии як мактаб, қадрдонии пахтакорони ноҳия ва аз қисми низомӣ боздид кард.
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо назардошти талабот ва боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбияи насли наврас дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-и ноҳияи Панҷ бинои иловагии таълимӣ барои 200 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи январи соли 2024 аз тарафи Бунёди миллии маблағузории Тоҷикистон оғоз гардида, бо нархгузории соли 2024 арзиши лоиҳавии иншоот 1 миллиону 238 сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуд.
Раиси вилоят зимни суханронӣ бо хоҷагидорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта изҳори сипосу миннадорӣ кард.
Дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳия 13000 тонна муайян гардида, меҳнаткашони ноҳия ба санаи 14 ноябри соли 2025 – 130 17 тонна тиллои сафедро ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Соли ҷорӣ кишоварзони Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 255 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо шароити хизматӣ ва омодагии ҷузъу томҳои марзбонӣ аз қисми низомии 0306-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Панҷ, боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси вилоят аз ҳолати инфрасохтор, шароити хобгоҳ, нуқтаҳои таъмин бо обу барқ, анборҳои маводи ғизоӣ ва дигар иншооти муҳими қисми низомӣ дидан намуда, бо ҳайати шахсӣ мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Раиси вилоят аз сатҳи омодагии хизматии сарҳадбонон, низоми машқу тамрин, маводи техникии дар ихтиёрбуда ва чорабиниҳои таҳкимбахши амниятии марз изҳори қаноатмандӣ кард.

Хатлон: Раиси вилоят дар Панҷ
Блоки рекламавӣ


