Имрӯз, 14 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар кӯчаи Орзуи шаҳраки Бӯстонқалъа дар шоҳроҳи Бохтар-Левакант баргузор гардида, беш аз 1000 дона ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинониданд.
Зимни шинонидани ниҳолҳо, раиси вилоят бо сокинону масъулони ноҳия вохӯрда, ба нақши ин ташаббус дар беҳтарсозии муҳити зист, зебоии маҳал ва афзоиши сабзазорҳои минтақа таъкид намуд. Аз масъулони сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда зери назорати ҷиддӣ қарор бигирад, то дарахтон ба таври дуруст нашъунамо ёбанд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2026 600 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан, ҳамешасабз, мевадиҳанда ва 9095140 дона гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад.

Хатлон: Раиси вилоят дар маъракаи дарахтшинонӣ
Блоки рекламавӣ


