Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба сафари корӣ ба шеҳри Левакант рафта роҳбарони 18 хоҷагии деҳқонии пахтакорро барои саривақт иҷро намудани нақшаи пахтачинӣ ҳавасманд гардонид.
Шаҳри Леваканд дар мӯҳлати хело кӯтоҳ нақшаи пахтасупориро беш аз 102 дарсад таъмин намуд.
Ҳамзамон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии ҶДММ “Хусрав сотмон”, ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли хишти пухта ва хишти сабук равона мегардад, боздид намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз соли 2024 оғоз гардидааст ва он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон, беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур баъди ба истифода додан дар як шабонарӯз 60 ҳазор хишт буда, дар як сол ин омор ба 21 миллион хишт мерасад.
Дар идомаи сафари кории худ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии “Бобои Искандар”-и шаҳри Левакант боздид намуд.
Зимни боздид раиси вилоят бо фаъолияти меҳнаткашон, рафти ҷамъоварии ҳосил ва шароити кории пахтакорон шинос шуда, натиҷаҳои бадастомадаро арзишманд арзёбӣ намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь