Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом дода, дар ифтитоҳи Маркази инкишофи кӯдак, гузоштани санги асоси мактабу кӯдакистон, боздид аз корхонаи саноатӣ ва қадрдонии пахтакорон ноҳия иштирок кард.
Имрӯз, 27 октябр, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Хиштсозони ҷамоати деҳоти Заргар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони як муассисаи нави таълимӣ барои 640 нафар ҷои нишаст дар ду баст ва як муассисаи таълимӣ- томактабӣ барои 220 кӯдак оғоз бахшид.
Ҳамчунин, дар ин рӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, 10 ва 11-и ҷамоати деҳоти Заргар 3 Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар марҳилаи аввал 26 Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад. Тибқи иттилоъ то имрӯз дар назди 5 муассисаи таълимӣ Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон бо таҷҳизоти лозимаи соҳавӣ ба истифода дода шудаанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён аз корхонаи равғани Бохтар, ки дар заминаи ҶДММ “Инвест-Котон” бунёд гардидааст, боздид намуд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корхона дар як шабонарӯз 4 тонна равғани поки хуштаъм ва ширини коркардшудаи пахтаи навъи якумро истеҳсол менамояд.
Дар иншооти истеҳсолӣ 40 нафар сокинон дар ду баст бо ҷои кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ғуломсаид Холови ноҳияи Кӯшониён Маркази инкишофи барвақтии кӯдакро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 мавриди истифода қарор дод.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон” ва маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохта шудааст.
Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Заргар ҷойгир буда, аз 6 утоқи корӣ, аз ҷумла 2 синфхона, як хонаи омӯзгорон, анборхона ва дигар ҳуҷараҳои ёрирасон иборат мебошад.
Раиси Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҶДММ “Инвест-Котон”-и ноҳияи Кӯшониён дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони ноҳияи Кӯшониён дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 22 ҳазору 753 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.

Хатлон: Раиси вилоят дар Кӯшониён
Блоки рекламавӣ


