Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон сафари кори анҷом дода, дар ифтитоҳи чанд иншоот иштирок кард.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон дар деҳаи Баҳори деҳоти Норин бинои иловагии таълимиро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 – ро ба истифода дод.
Бинои иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 9 синфхона мебошад. Он барои қабули 500 хонанда дар ду баст тарҳрезӣ шуда, ҷавобгӯи талаботи замонавии муассисаҳои таълимӣ аст.
Ин иншоот бо саҳми сокинони маҳаллӣ ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Барои пурра ба истифода додани он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия саҳми намоён гузошта, бино бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
Дар идома раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Пахтакори деҳоти Норин бинои иловагии таълимиро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 ифтитоҳ намуд.
Бунёди иншооти мазкур қадами муҳим дар самти беҳтарсозии инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муосири таълим барои хонандагони деҳа ба ҳисоб меравад.
Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 синфхона мебошад ва барои қабули 700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ин сохтмон имконият фароҳам меорад, ки мушкилоти камбуди ҷой дар мактаб коҳиш ёфта, раванди таълиму тарбия дар шароити бештар фароҳам ва мутобиқ ба талаботи замона ба роҳ монда шавад.
Иншоот бо саҳми сокинони маҳаллӣ ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ки ин саҳмгузории ҷиддии аҳолӣ дар рушди маориф дар деҳа маҳсуб меёбад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар саривақт ба истифода супоридани бино саҳми чашмрас гузошта, онро пурра бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин намуданд.
Ҳамзамон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳи муҳими аҳамияти маҳаллидоштаро дар деҳаи Зафари деҳоти Норин ифтитоҳ намуд.
Роҳ бо паҳноии 15 метр ва дарозии 1,5 километр бунёд гардида, бо саҳми фаъолонаи сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш шудааст.
Дар идома раиси вилояти Хатлон дар деҳоти Норин Маркази хизматрасонии “Дӯстон”-ро расман ба истифода дод.
Маркази хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум утоқҳои қабули мизоҷон ҷойгир буда, барои пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба аҳолии маҳаллӣ фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи дуюм бошад, аз толори барҳаво иборат аст, ки барои баргузории тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдом ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат карда, имконияти нав барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам меорад.
Бо ба истифода додани маркази мазкур 34 ҷойи кори доимӣ барои сокинони маҳаллӣ таъсис ёфт, ки ин ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ саҳм мегузорад.

Хатлон: Раиси вилоят дар Ёвон
Блоки рекламавӣ


