Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 боздид намуд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти чиниши пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи беҳтарин» шинос шуда, бо хоҷагидорон ва деҳқонон суҳбати самимӣ кард.
Ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар қабули сайёр 13 нафар шаҳрвандон оид ба кашидани хатти оби нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, иваз намудани симчӯбҳои барқӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони кӯдакистон, пешгирӣ намудани фуруравии заминҳои корами обӣ, таъмини аробачаи маъюбӣ, расонидани кӯмак дархости мусоидати раиси вилоятро карданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь