Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо фаъолияти чоҳи амудӣ ҳусни оғоз бахшид.
Бо ба истифода додани чоҳи амудӣ, ки бо технологияҳои муосир сохта шудааст, беш аз 4 ҳазор аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Барои доим фаъолият намудани чоҳ ва таъмини истифодабарандагон бо об, 30 адад панели офтобӣ бо иқтидори 16 киловат-соат барқ насб карда шудааст, ки самаранокии энергетикӣ ва истифодабарии захираҳои табииро таъмин мекунад.
Мавриди зикр аст, ки чоҳи амудӣ дар муддати 3 моҳ бо саҳмгузории мақомоти маҳаллӣ ва шарикони рушд бунёд ва ба истифода супорида шудааст.
Иқдоми мазкур натанҳо сатҳи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокиро баланд мебарад, балки дар рушду ободонии маҳал ва беҳдошти сифати зиндагии сокинон нақши муҳим дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь