Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар маъракаи оғози кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии “Турсуной”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ, иштирок намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии мазкур беш аз 6 гектар замини корами обӣ дошта, дар он сол ба сол кишти навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар сабзавот ба роҳ монда мешавад. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонии бинои Осорхонаи ноҳия аз наздик шинос шуданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар канори шоҳроҳи Панҷи Поён иштирок намуданд. Дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ» бо ҷараёни корҳои азнавсозии пойгоҳи обкашии №3 аз наздик шинос гардиданд.
Ҳамзамон, дар доираи ин лоиҳа насби 1,5 километр қубурҳои обрав пешбинӣ гардида, он барои кам намудани талафоти об, беҳтар намудани низоми обёрӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мусоидат менамояд.

Хатлон: Раиси вилоят дар Ҷайҳун
Блоки рекламавӣ


