Аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон нисбати роҳбарон ва масъулини Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳиҳои Хуросон, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб барои баррасӣ накардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва несту нобуд кардани онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Дар ин бора Прокурори вилояти Хатлон Назарзода Авазҷон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ қайд кард, ки прокуратураи вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба масъалаи риояи талаботи қонун дар мавриди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи макомоти назоратӣ, алалхусус аз тарафи марказҳои назорати даватии санитарию эпидемилогӣ диққати махсус дода, як қатор конуншиканиҳои ҷиддӣ ва ҳатто ҷиноятӣ ошкор карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани танҳо як санҷиш дар фаъолияти чунин Марказ дар ноҳияи Хуросон ҳолати мавриди умуман баррасӣ қарор надодан ё несту нобут кардани зиёда аз 900 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳия тартиб додашуда, ошкор карда шуд.
– Дар натиҷаи нарӯёнидани ҷаримаҳо аз қонунвайронкундагон ба буҷети давлат зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст, – гуфт ӯ ва афзуд, ки нисбати роҳбари ин марказ дар ноҳияи Хуросон барои содир кардани ҷинояти хунукназарӣ парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон оғоз ва он ба суд фиристонида шуд.
Қайд гардид ки айнан ба ҳамин монанд, барои умуман баррасӣ накардан ё несту нобуд кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки он зиёда аз 3400 ададро ашкил медиҳад, то ба ин ҷониб нисбати масъулини Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб парвандаҳои ҷиноятӣ барои хунукназарӣ оғоз карда шуда, санҷишҳо дар дигар Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳиҳо идома дорад.
Прокурор ҳамзамон афзуд, ки дар ин давра ҳамзамон барои қасдан несту нобуд кардани теъдоди зиёди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбут ба риояи қонунгузории танзими ҷашну маросим аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон нисбати мудирони бахши дини ноҳияҳои Ҷайҳун ва Носири Хусрав парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.