Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлати Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон баргузор гардида, 400 000 сомонӣ ҷоизаи раиси вилоят ба кормандони соҳаи маориф супорида шуд
Аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирӣ, ҳавасмандсозӣ ва қадршиносии беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиёи вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҳамасола дар мадди аввал ин қишри ҷомеаро, ки қувваи бузурги зеҳнию ақлонии вилоят мебошанд, ба мукофотҳои давлатию соҳавӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ пешбарӣ мекунад.
Гуфта шуд, ки дар чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф – “Омӯзгори ифтихории Хатлон” ба як қатор омӯзгорон, ҷоизаи “Соҳибватан” ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ супорида шуд.
Ба ҳамин монанд, ба хатмкунандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хатми мактаб бо аттестати универсалӣ ва равиявии аъло (медали тилло ва нуқра) мувофиқан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст, ки 27 нафар шогирдон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби ин ҷоиза шудаанд. Дар маҷмуъ, беш аз 100 нафар кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, собиқадорон, падару модарон ва хонандагон бо мукофоти пулии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо маблағи 400 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ғайр аз ин, раиси вилоят ба 23 нафар омӯзгорони ҷавон шаҳодатномаи истифодабарии замини наздиҳавлигӣ тақдим намуд.
Дар охир, тибқи хулосабарории ҳайати тадорукот “Парчами сайёри ғолиб” насиби ноҳияи Данғара гардид ва роҳбарияти ноҳия дар ҳаҷми 20000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Хатлон: “Парчами сайёри ғолиб” насиби Данғара шуд
Блоки рекламавӣ


