Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар мавзеъҳои сайёҳӣ шиору овезаҳоеро насб карда истодааст, ки сокинони, ки ба истироҳату фароғат мераванд, агар муҳити зистро ифлос кунанд, панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешаванд.
Аз ниҳоди мазкур иттилоъ доданд, ки бо мақсади таъмин намудани тозагию ободии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, дар мавзеъҳои саёҳии шаҳри Левакант овезаҳои огоҳкунанда насб карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом ба он равона гардидааст, ки сокинон ва меҳмонони шаҳр ҳангоми истироҳату фароғат ба табиат эҳтиром гузошта, аз партофтани партовҳо худдорӣ намоянд ва муҳити атрофро тозаву озода нигоҳ доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь