Имрӯз, 15 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар деҳаи Хурсандии деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён дар маъракаи оғози чиниши пахта иштирок кард.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагӣ бо масъулони соҳаи кишоварзӣ суҳбат намуда, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд дод.
Тибқи иттилоъ ин мавсим дар ноҳияи Кӯшониён дар масоҳати 10730 гектар навҳои серҳосилу ба минтақа мутобиқи пумбадона кишту парвариш шуда, айни замон ҳосили он пухта расидааст. Тибқи иттилоъ дар ҳудуди ноҳия 1615 хоҷагии самти пахтакорӣ фаъолият дорад. Ба иттилои масъулин имсол бояд аз ноҳия 26 ҳазору 40 тонна пахта ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуда, ҳамзамон оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 123037 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки аз ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда шудааст.