То 40-50 сомонӣ боло рафтани нархи як халта орд дар рӯзҳои охир боиси нигаронии аксар сокинони кишвар, аз ҷумла, мардуми вилояти сераҳолитарин – Хатлон гардидааст. Масъулон сабаби ин “ҷаҳиши ғайриинтизор”-ро дар болоравии қурби доллар арзёбӣ мекунанд.

Даҳҳо сокини вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, ки нархи орд якбора аз 280 ба 325 то 330 сомонӣ расидааст, ки ин барои онҳо хеле сахтӣ меорад.

Сокини ноҳияи Кӯшониён Ҳасан Қурбонов гуфт, ки  саҳари рӯзи 9 март як халта орди навъи якумро 290 сомонӣ харидааст, аммо бегоҳ он ба 330 сомонӣ баробар шудааст.

Хуршеда Ҳалимов, зани солхӯрда аз вилояти Хатлон, низ қайд кард, ки фарзандаш дар Русия аст, аввал маблағ равон мекард бо 1,5 ҳазор рубли русӣ як халта орд мегирифт, ҳоло, ки қурби рубл поён шуда ба 90-100 сомонӣ расидаст, бо 3,5 ҳазор рулб як халта орд мехарад.

Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Юсуфзода Фирӯз гуфт, яке аз омилҳои боло рафтани нархи орд дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят баланд шудани қурби доллари амрикоӣ аст.

Ӯ гуфт,  нархи як халта орди навъи якум, ки 280 сомонӣ буд, ба 325 сомонӣ баробар шудааст.

– Ҳоло мо бо ниҳодҳои қудратӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят санҷиш мегузаронем ва кӯшиш дорем, ки фурӯшандагон нархро бе асос баланд накунанд, – илова кард ин шахси масъул.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь