Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти муҳими корӣ миёни раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндагони ширкати гурӯҳи технологӣ ва электронии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз дар вилоят — таъмини устувори аҳолӣ бо нерӯи барқ мебошад.
Дар ин замина, масъалаи сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо ширкати «СЕТС»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.
Намояндагони ширкати чинӣ омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи энергетика изҳор намуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои амалисозии лоиҳа, ҷалби мутахассисон, омӯзиши кадрҳои маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро низ баррасӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь