Аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд, ки мувофиқи маълумотҳои оморӣ моҳҳои январ ноябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 99797 адад ҷойи кории нав ба кайд гирифта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки таҳлили нишондиҳандаҳои соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят нишон медиҳад, ки шумораи кормандони кироякор дар моҳҳои январ-ноябри соли 2025 ба 512,6 ҳазор нафар баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашти 6,8 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Гуфта шуд, ки соли 2025 тибқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 85 корхонаи саноатӣ аз ҷумла 21 адад корхонаи калон ва 64 адад корхонаи хурд, ки дар маҷмуъ 700 чойи кории навро ташкил медиҳанд ба истифода дода шудааст.
Соли 2025 ба раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 44925 нафар шахсони бекор муҳоҷират намудаанд, ки 41804 нафари он ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи дархост ва талаботҳои кордиҳандагон 25759 нафар бекорон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муввақатӣ таъмин гардид, ки ба 100,8 фоизи накшаи солонаи Барнома баробар аст.
Дар соли 2025 аз чониби Раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 7138 нафар шахсони аз кор озодшуда, баъди адои ҷазои чиной ва нафарони аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ кумакпули пардохт карда шудааст, ки 169,3 фоизи накшаи пешбинишудаи ташкил медиҳад. Маблағи умумии кўмакпулиҳои пардохткардашуда 8132,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб ба шахсони аз кор озодшуда 20 нафар 117,0 ҳазор сомонӣ, ба шахсони аз маҳбас озодшуда 585 нафар 692,1 хазор сомонӣ ва ба шахсони аз сафи қувваҳои мусаллаҳ баргашта 6533 нафар 7323,6 ҳазор сомонӣ чудо карда шудааст.

Хатлон: Наздики 100 ҳазор ҷойи кор дар як сол
Блоки рекламавӣ


