Шаҳру ноҳияҳо пахтакори вилояти Хатлон дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро карданд.
Нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон 254 ҳазору 331 тонна буд, ки он 100 фоиз иҷро шуд. Ҷамъоварии пахта нисбат ба соли гузашта 123 тоннаву 968 тонна зиёд мебошад. Ба ин муносибат имрӯз дар Кохи Фарҳанги шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раисони шаҳру ноҳияҳо, хоҷагидорон ва дигар масъулон ширкат карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кишоварзони меҳнатқарини вилоятро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки то кӯраки охирин ҳосили дар саҳро буда ҷамъоварӣ карда мешавад.
Дар қисмати дигари ин чорабинӣ пешқадамони ин маъракаи муҳим бо Ифтихорномаю Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь