Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон ба санаи 18-уми сентябри соли ҷорӣ 41,11 дарсадро ташкил дода, ҳоло ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят бомаром идома дорад.
Аз Сарраёсати Агентии омори назди Презитденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар вилоят 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор мебошанд, ки онҳо аз аввали мавсим то санаи 18 сентябри соли ҷорӣ 104546,8 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки ин 41,11 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар маъракаи чиниши пахта шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ёвон, Вахш, Кӯшониён, Хуросон ва Носири Хусрав дар сафи пеш ҳастанд. Зеро ин шаҳру ноҳияҳо нақшаро аз 91 то 40 дарсад иҷро кардаанд.
Шаҳру ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Кӯлоб, Данғара, Панҷ, Ҷайҳун нақшаи ҷамъоварии пахтаро аз 12 то 39 дарсад таъмин кардаанд.
Пахтакорони вилояти Хатлон аз боду ҳавои муносиб истифода карда, саргарми ҷамъоварии маҳсули киштнамудаи худ дар саҳро буда, азм доранд, дар кутоҳтарин муҳлат аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта бароянд.
Аммо пахтакорони вилоят аз он гила доранд, ки заводҳои пахтиақабулкунӣ нархи ҳар як тоннаи пахтаро бо нархи хело арзон яъне аз 4 то 4,5 ҳазоро сомонӣ қабул карда истодаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь