Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар вилояти Хатлон ба ҳолати 24- уми октябр пеш аз мӯҳлат ба анҷом расид.
Маҳз натиҷаи ҳамкории доимӣ, гузаронидани омӯзиши пеш аз даъват, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо боис гардид, ки теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, аз ҷумла ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”, ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Артиши миллӣ омода менамояд, хеле зиёд ба назар мерасад.
Ин даъвати чорум аст, ки ҷавонони диловару ғаюр ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваста, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон таъмин мегардад.

Хатлон нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кард
Блоки рекламавӣ


