Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни баромади худ дар “рӯзи даъватшаванда” иттилоъ доданд.
Ба муносибати “рӯзи даъватшаванда” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар роҳпаймоии осоишта аз назди комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон то варзишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ ҳама ҷавонон ва волидони онҳоро ба “рӯзи даъватшаванда” табрик гуфта, аз иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда дод.
Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ баҳри болидахотирии иштирокдорон баргузор гардид.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсим даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-сола яъне солҳои таваллуди 1999-2008 ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми апрели соли ҷорӣ оғоз гардида то охири моҳи июн идома меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь