Рӯзҳои 20-21-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз корхонаҳои саноатии ин шаҳр дидан карда, зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳокими вилояти Алмаато Марат Султонгазиев дидору мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот зикр гардид, ки равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар муҳимтарин самтҳои давлатдорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон тақвият меёбад.
Блоки рекламавӣ



