Марди 30-солае аз ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ, ки 10 маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, такроран даст ба ҷиноят зада, аз ҷониби кормандони милитсия дасгир карда шудаст.
Милитсияи Хатлон хабар медиҳад, ки ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кушониён чанд нафар аз сокини ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуданд, ки шахсони номаълум чорвоҳои калони шохдорашонро дуздидаанд.
Зимни гузаронидани чорабинихои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари он дастгир карда шуд. Ин нафар Шуҳратҷони Ҷурахон, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад, ки пеш 10 маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Дар рафти пурсиш муайян карда шуд, ки гумонбаршуда аз оромии шаб ва набудани одамони гирду атроф истифода намуда, бо тариқи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон гашта, аз дохили оғилхонаҳои онҳо чорвоҳои калони шохдорро дуздидааст. Номбурда, дар 9 ҳолати ҷинояти дуздии чорвоҳои шаҳрвандони ноҳияи Кӯшониён гумонбар дониста мешавад, ки бо ин кирдори ҷинояткоронааш ба ҷабрдидагон зиёда аз 70 000 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда ҳамаи ин маблағҳоро дар бозиҳои интернетӣ ва корҳои беҳуда сарф менамудааст.
Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён нисбати Шуҳратҷони Ҷурахон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 2 ва 244 қисми 2 бандҳои а, в, г -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



