Кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон, Маркази минтақавии ба ҳисобгирии инфриродӣ дар шаҳри Бохтар, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Бохтар дар доираи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар соҳиби як бинои 5 ошёнаи замонавӣ мешаванд.
Қобилҷон Файзализода, роҳбари ниҳоди мазкур иттилоъ дод, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар барои се ниҳоди болозикр дар доираи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бинои 5 ошёнаи замонавӣ бо таҳхона сохта шуда истодаст.
Ӯ гуфт сохтмони бино аз соли 2023-юм оғиз гардида, дар назар аст, ки соли 2026 мавриди истифода қарор дода шавад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур 80 дарсад иҷро шудааст, ҳамзамон ин бино дорои ду лифт, роҳравҳо барои маъюбон, ошхона барои 50 нафар, майдони варзишӣ мебошад, -қайд кард мавсуф.
Номбурда илова кард, ки ҳамзамон барои кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ёвон низ сохтмони бинои замонавӣ оғоз гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь