Дар назди нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”, корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳот беш аз 47 миллион сомонӣ қарздоранд.
Сардори қарзҳои андози Раёсати андози вилояти Хатлон Ҳамза Раҳимов иттилоъ дод, ки аз ин қарз 6 миллиону 550,9 сомониаш аз КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” мебошанд. Дар байни 25 хоҷагиҳои коммуналӣ қарзи аз ҳама бештар аз шаҳри Кӯлоб, 3 млн 42 ҳазор сомонӣ, Бохтар 2 миллиону 290,5 ҳазор сомонӣ, шаҳри Норак 430 ҳазор сомонӣ, Шаҳритус 218 ҳазор сомонӣ, Темурмалик 139,7 ҳазор сомонӣ, Ховалинг 156, 8 ҳазор сомонӣ, Ҷайҳун 133,6 ҳазор сомонӣ мебошад.
Қарздор будани корхонаи мазкур Нуриддин Салимов роҳбари Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммунали” – и шаҳри Бохтар тасдиқ карда, афзуд, ки бештари ин қарзҳо аз солҳои пеш мебошанд ва мо дар якҷоягӣ бо роҳбари болоиамон талош дорем то 2 миллиону 326 ҳазору 597 ҳазор сомонии қарзи андозро ҳисобаробаркунӣ намоем.
Ба иттилоъи манбаъ КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳру ноҳияҳо бошад, дар назди андоз 40 миллиону 740 ҳазор сомонӣ қарздоранд.
“Барои баргардонидани қарзҳо дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳама чораҳо андешида шудааст”, -илова кард мавсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь