Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ таъмиру бозсозӣ мешавад. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ дар он шинос шуд.

Айни замон дар доираи эълони соли 2025 ҳамчун «Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилоят корҳои таъмиру азнавсозии китобхона ҷараён дошта, он ба талаботи замони муосир мутобиқ карда мешавад. Корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” бо маблағи 2,5 миллион сомонӣ идома дошта, беҳтарин шароити корӣ барои кормандон ва истифодабарандагон муҳайё хоҳад гашт. Дар асри технологияҳои иттилоотӣ китобхона низ рушд мекунад, бинобар ин нусхаҳои зиёди осори адабии дар китобхона ҳифзшаванда ба шакли электронӣ табдил дода мешаванд. Аз захираҳои китобхона хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои гуногуни таълимӣ истифода мебаранд.

Дар вилояти Хатлон 492 китобхона, аз ҷумла 3 китобхонаи вилоятӣ, 25 китобхонаи марказӣ, 25 китобхона-филиали шаҳрӣ, 413 китобхона-филиали деҳотӣ ва 26 китобхонаи бачагона бо хазинаи умумии 2 554 843 нусха китоб, ки аз он 947 241 нусха ба забони тоҷикӣ (37 %), 1 353 136 нусха ба забони русӣ (53 %) ва 254 466 нусха ба дигар забонҳо (10 %) буда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь