Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии вилояти Хатлон дар майдони 8 ҳазор гектар замин кишти картошка гузаронида мешавад, ки алакай кишти он оғоз гардидааст.
Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Ҳасанзода Баҳодур ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки аз 8 ҳазор гектар кишти картошка 3 ҳазору 950 гектараш кишти барвақтӣ мебошад.
Ӯ гуфт, ки алакай кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардидааст. Айни замон дар Ҷамоати деҳоти Нури Вахш дар майдони 23 гектар замин зери пилёнка картошка кишт карда шудааст ва дар ноҳияи Ёвон низ кишти картошка оғоз гардидааст,- афзуд номбурда ва илова кард, ки кишти картошка аз охири моҳи ноябри соли ҷорӣ оғоз гардида, то моҳи феврали соли равон идома хоҳад ёфт.
Кишоварзон бештар тухмии навъҳои ватани Масчоҳи кӯҳӣ кишт карда истодаанд.
Ба ҷуз ин аҳолӣ дар заминҳои худ кишти картошка гузаронида истодаанд, ки бештар навъи тухмии русӣ ва картошкаи Ҷиргатолро кишт карда истодаанд.
Нақшаи киштикартошка дар вилояти Хатлон ҳашт ҳазор гектраро ташкил медиҳад.
Айни замон нархи як килограм картошка дар бозору фурӯшгоҳҳо аз 5 то 6 сомониро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь