Дар назар аст, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» моҳи ноябри соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо доираи васеъи сармоягузорон баргузор гардад.
11-12 ноябри соли 2025 маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Бохтар мизбони яке аз чорабиниҳои муҳими иқтисодӣ — Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» мегардад. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, рушди фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва дарёфти бозорҳои содиротӣ аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» мебошанд.
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» инчунин дар мавзуи «Имконияти сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар» панел гузаронида мешавад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ташаббускорони баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» дар шаҳри Бохтар мебошанд.
Интизор меравад, ки дар доираи форум байни корхонаю ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ созишнома ва санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.
Бояд гуфт, ки моҳи октябри соли гузашта дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» ва “Бохтар Фуд-2024” баргузор гардида дар он форум маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда буд.

«Хатлон Инвест-2025» имсол дар Бохтар баргузор мегардад
Блоки рекламавӣ


