Дар вилояти Хатлон тӯли шаш моҳи аввали соли 2025, ҳамагӣ 66 ҳодисаи худкушӣ ва қасди худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта панҷ ҳодиса камтар мебошад.

Дар нишасти хабарии прокуратураи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ҳодисаҳои худкушӣ буда, дар давраи таҳлилӣ 66 (соли 2024 ҳамагӣ 71 адад) ҳодисаҳои “худкушӣ ва суиқасд ба он” ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 31  нафар мардон ва 35 нафар занҳо мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи  умумӣ 47  кас ба ҳалокат расидаанд. Вобаста ба ин ҳодисаҳо 3 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор доранд, хабар доданд аз Прокуратураи вилояти Хатлон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь