Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи намуди фурӯши либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ мебошад.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки масъалаи хариду фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ тибқи тартибот танҳо тавассути шартномаи кумитаи падару модар бо соҳибкорони ватанӣ сурат гирифта, ба муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон рабте надорад. Либосҳои ягонаи мактабӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ба падару модарон пешниҳод карда мешавад. Дар мавриди қабул гардидани сифати маҳсулот ва шакли дӯхти либосҳо аз тарафи падару модарон мустақилона харидорӣ карда мешаванд.
Блоки рекламавӣ