Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони беш аз 20 давлати рӯйи дунё Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон -инвест” оғоз гардид. Ин Форум давоми ду рӯз 11-12 идома хоҳад кард.
Дар ин форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, раиси Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон бо маҳсулоти ватанӣ ошно гардиданд.
Меҳмонони форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон -инвест” аз намоишгоҳи мазкур дидан намуда, бо имкониятҳои содиротии Тоҷикистон ошно гардиданд.
Дар доираи форуми мазкур Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва намудҳои гуногуни хизматрасонӣ ба монанди хидматрасонии бонкӣ баргузор гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь