Имрӯз дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон дар доираи дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат,  бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон-қалби гарми сайёҳӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ҳадафи ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва табобатии вилояти Хатлон баргузор шуд. Дар Форум раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои соҳавии кишварҳои ҳамшарик, роҳбарони ширкатҳои ватанию хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон, коршиносони милливу байналмилалӣ, ҳамчунин меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи дурусти он, рушди ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои соҳавӣ иштирок доштанд.

Дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба меҳмонону иштирокдорон имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, мамнуъгоҳҳои тиббӣ, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоятбуда, намоиши маҳсулоти ҳунармандону косибон, имкониятҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра ташкил карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь