Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҳорати баланд нишон дода, соҳиби 2 шоҳҷоиза ва 26 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Соли равон дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 111 037 нафар, даври вилоятӣ 957 нафар иштирок намуда, 90 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Имрӯз, 4 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст.
Довталабони вилояти Хатлон имсол ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуда, 28 нафар (31%-и иштирокчиён) ғолибият ба даст оварда, тавонистанд аз ҳама нишондоди баландтаринро дар солҳои баргузории озмун ба даст оварда, соҳиби 2 ШОҲҶОИЗА, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм гарданд.
Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамасола ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, соли равон барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо, дар маҷмӯъ 1 миллиону 831 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 258 ҳазору 125 сомонӣ зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь