Аз аввали мавсими ҷамъоварии пахта ду шаҳру се ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи ҷамъовариро барзиёд иҷро намуда, пахтакорони ин ноҳияҳо аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардидаанд.
Аз Сарраёсати Агентии омори назди Презитденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то санаи 13 октябри соли 2025 дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, Левакант, ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон ва Данғара нақшаи ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро кардаанд.
Гуфта шуд, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ баъд аз шаҳри Бохтар, Левакант, Дӯстӣ ва Ёвон пахтакорони ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, 10 ҳазору 700 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.
Ба иттилоъи манбаъ ҳоло ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба марра наздик омадаанд. Дар байни ин ноҳияҳо ноҳияи Вахш бо 96,99 дарсад иҷрои нақшаи пахта дар ҷойи аввал қарор дорад.
Гуфта шуд, ки дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор ва Кӯлоб аз ҳама қафо мондаанд.
Ба иттилоъи додаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз пахтакорони вилояти Хатлон аз 254 ҳазору 300 тонна нақшаи ба зиммадошта, 206 ҳазору 653, 7 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки ин баробари 82,5 дарсади дурнамои имсола мебошад.

Хатлон: Ду шаҳру се ноҳия нақшаи пахтаро иҷро карданд, Вахш ба марра наздик аст
Блоки рекламавӣ


