Аз рӯзи 22 январи соли ҷорӣ дар кишвар бориши шадиди барф мебошад, кормандони Муассисаи давлатии “Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар ва Кӯлоб барои ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт аз ҳама имкониятҳои истифода бурда, роҳҳоро аз барф тоза карданд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Талабекзода Исмон, гуфт, ки барои зимистонгузаронӣ аз ҷумла тоза кардани роҳҳо аз барф ва пошидани қуму намак 74 техника вобаста шудааст, ки аз он 14 ададаш барои ағбаҳо аз ҷумла 5 техника ба ағбаи “Фахробод”, 5 техника ба ағбаи “Султонобод” ва 4 техника ба ағбаи “Левакант” вобаста шудаанд.
Дар ин рӯзҳои боришоти барф ҳама қувваҳо сафарбар шуда роҳҳоро аз барф тоза гамуда, рафтуомади воситаҳои нақлиётро таъмин сохтем,-илова кард ӯ.
Ҳамзамон дар минтақаи Кӯлоб, низ аз ҷониби идораҳои роҳҳо барои тоза кардани роҳҳои автомобилгард аз барф ҳама чораҳо андешида шуд.

Хатлон: Дар рӯзҳои барфи ҳаракати нақлиёт таъмин буд
Блоки рекламавӣ


