Дар 5 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 5 ҳазору 763 литр хуни донорони консервӣ, 2 ҳазору 984,3 литр зардобӣ тезяхкунонидашуда, 2 ҳазору 778,2 литр консентрати эротроситҳои аз лейкоситҳо озодкардашуда, 433,7 литр эртироситҳои шусташуда, 422 вояи консентрати тромоситҳо, 1 ҳазору 780 вояи крилпреситҳо ва 1 ҳазору 780 вояи зардобӣ супернатантӣ истеҳсол карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти омории филиали МД “Маркази илмии хун” дар шаҳри Бохтар ва шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи ташхиси хуни донорон ва беморон дар давраи ҳисоботи 165 ҳолат аз донорон ва 70 ҳолат аз беморон гепатити “В” 44 ҳолат аз донорон ва 30 ҳолат аз беморони гепатити “С”, дар 70 ҳолат бемории сифлис, ва дар 4 ҳолат бемории ВНМО дарёфт карда шуд.
Гуфта шуд, ки агар дар 5 моҳи соли 2024 шумори донорони хун дар вилоят 8 ҳазору 709 нафарро ташкил медод, пас ин шумор дар 5 моҳи соли 2025 ба 10 ҳазору 33 нафар расонида шуд.
Қайд гардид, ки рӯзи 14 июни соли 2025 дар филиали муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар шаҳри Бохтар бахшида ба “Рӯзи умумҷаҳонии донории хун” чорабинӣ баргузор карда шуд. Дар доираи ин чорабинӣ донорони ҳамешагӣ ва бори аввал, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои иттилооти ҷалб шуда буданд, ташриф оварда барои наҷоти бемороне, ки ба хун ва ҷузъҳои он ниёз доранд, хун супориданд.
Лутфулло Мадмаров, муовини директори филиали МД “Маркази илмии хун” дар шаҳри Бохтар, гуфт, дар асоси “Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳтфзи иҷтимоии аҳолӣ, Қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон ва фармоиши Раёсати тандурстии вилоят бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии донории хун” дар қаламрави вилоят маъаракаи ҷамъоварии хун аз 5 май то 14 июни соли 2025 ташкилу гузаронида шуд. Дар доираи ин чорабинӣ дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят ва филиали МД “Маркази илмии хун” дар шаҳри Кӯлоб мувофиқи нақша то 25 майи соли 2025-ум 784 хунсупорӣ байайд гирфта шудааст. Дар 5 моҳи соли равон 11 ҳазору 316 ҳолати хунсупорӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамин давраи соли 2024 ҳолати хунсупорӣ дар вилоят 9 ҳазору 535 буд.



