Имрӯз дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат ва намояндаи Вазорати фарҳанги кишвар мавсими нави театрӣ бо намоишномаи “Бемори зӯракӣ” оғоз гардид.
Саидзода Отахон роҳбари театри мазкур гуфт, ки “дар мавсими нави театрӣ кормандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишномаи наверо бо номи “Бемори зӯракӣ” таҳия намуда, пешкаши дӯстдорони театр гардониданд”.
Ӯ гуфт “намоишномаи “Бемори зӯракӣ” аз рӯи асари Ж.Б Мюлер дар таҳияи ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов омода шудаст”.
Намоишномаи мазкурро кормандони касбу кори гуногун ва сокинони вилояти Хатлон тамошо карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь