Дар шаш моҳи соли 2023-ум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 155 садамаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 98 нафар ба ҳалокат расида, 160 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон итилоъ доданд, ки омилҳои сар задани садамаҳои роҳу нақлиёти баланд кардани суръати воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандагон, риоя накардани одитарин қоидаҳои роҳу нақлиёт, бе назорат мондани кӯдакону наврасон ва дигар омилҳо мебошанд.
Баҳри пешгирӣ аз рух додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ ҳамаруза аз ҷониби кормандони БДА-и вилояти Хатлон амалиёти гуногун гузаронида мешаванд.
Блоки рекламавӣ



