Дар вилояти Хатлон дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон ба 16 омӯзгор сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки баҳри дастгирию ҳавасмандгардонии омӯзгорон дар соли таҳсили 2022-2023 ба беш аз 100 омӯзгори ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон заминҳои наздиҳавлигӣ дода шудааст, ки бештари онҳо аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён, Данғара мебошанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро бо омӯзгорони мазкур оид ба рафти фаъолият, шароиту имкониятҳои мавҷуда ва дастоварди онҳо суҳбат оростанд.
Омӯзгороне, ки соҳиби замин гардиданд, ба Роҳбари давлат ва дигар масъулон барои дастгирию ҳавасмандгардонӣ миннатдорӣ баён карда, ваъда доданд, ки фаъолият ва натиҷаи дастовардҳои худро беҳтар намуда, тамоми донишу маҳорати худро дар таълиму тарбияи насли наврас истифода мекунанд.



