Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имсол дар назар аст, ки тибқи дурнамо дар майдони 24 ҳазору 500 гектар кишти пахта гузаронида шавад.
Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то санаи дуюми апрели соли ҷорӣ дар майдони 13 ҳазору 402 гектар замин кишти пахта гузаронида шудаст, ки аз ин 3 ҳазору 185 гектар зери “плёнка” мебошад.
Дар маъракаи кишти пунбадона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, иштирок карда истодааст.
Тибқи ҳисобҳои оморӣ соли 2025 пахтакорони Хатлон 260 ҳазор тонна пахтаи хом истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2024 95 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Блоки рекламавӣ



