Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» баргузор гардид, ки дар ин форум наздик ба 30 ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, маблағи умумии лоиҳаҳои тасвибшуда зиёда аз 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» рӯзи 11 ноябри оғоз гардида то 12 ноябр идома меёбад.
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, раиси Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок карданд.
Блоки рекламавӣ



