Аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баҳри танзими нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия дар арафаи иди Рамазон, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон пурзӯр карда шуда, нархҳо таҳти назорат қарор доранд.
Фирдавси Маҳмадсаид, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба “Фараҳ” гуфт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва раиси вилояти Хатлон баҳри танзими нарху наво дар бозору фурӯшгоҳҳо дар арафаи иди Рамазон сӯҳбате вохӯриҳо миёни фурӯшандагон пурзӯр карда шуда, айни замон нархҳо таҳти назорат қарор доранд.
Ӯ гуфт аз ҷониби онҳо ба мақомотҳои маҳаллӣ баҳри танзими нарху наво мактуб карда шудааст. Айни замон дар бозору фурӯшгоҳи вилояти Хатлон нархи як кг гӯшт 75 то 100 сомонӣ, себ 10 то 20 сомонӣ, тухм аз 30 то 50 сомонӣ аст ва мо талош мекунем, ки нархҳо дар рӯзи ид боз гаронтар нашаванд. Фурӯшандагоне, ки нархҳоро худсарона гарон мекунанд, ҷарима карда мешаванд,- илова кард мавсуф.

Хатлон: Дар арафаи ид нарх таҳти назорат аст
Блоки рекламавӣ


