Дар чор ағбаи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо боришоти барф пурра ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Исмон Тағоибекзода гуфт, ки дар ин минтақа чор ағба “Фахробод”, “Левакант”, “Султонобод” ва “Чормағзак” мебошад, ки дар рӯзҳои боришоти барф барои тоза кардани онҳо 18 техникаи роҳдорӣ ва 120 коргар сафарбар карда шуданд.
Ӯ гуфт дар ин ағбаҳо ягон дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ нагардидааст. Аз ҷониби кормандони Муассисаҳои зертобеъи Муассисаи давлатии “Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар саривақт қуму намак ва маводи зидди лағжиш пошида шуд.
Номбурда илова кард, ки барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар зимистони имсола 6178 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 21 ҳазор литр сӯзишворӣ, 53 метри куб ҳезум ва 25 тонна ангишт дар анборҳои муассисаҳои зертобеъи Муассисаи давлатии “Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар харидорӣ ва захира карда шудааст, ки ин 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь