Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз моҳи январ то 11 августи соли ҷорӣ дар кӯлу каналҳо 61 нафар ғарқ шуданд, ки 38 нафарашон кӯдакону наврасон буданд.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон аз шумораи умумии ғарқшудагон 14 нафар кӯдаку наврас аз сабаби бемасъулиятии волидайн ва беназоратии онҳо, ҳамчунин 24 нафар наврасу ҷавон бинобар надонистан ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, ҷони худро аз даст додаанд.
Гуфта шуд, ки бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ дар соҳилҳои дарёи Вахш ба қайд гирифта мешаванд. Сабаби асосии чунин ҳодисаҳо дар он аст, ки оби дарёи Вахш хеле сард, пуртуғён ва тезҳаракат мебошад.
“Вақте шаҳрвандон дар ҳарорати баланди ҳаво ба якборагӣ ба об медароянд, сардии ногаҳонии об боиси карахтшавии дасту пой мегардад. Дар чунин ҳолат бадани инсон неруи худро аз даст медиҳад ва эҳсоси тарс ӯро фаро мегирад, ки ин ҳолат метавонад сабаби фоҷиа гардад.
Шаҳрвандон бояд ҳангоми шиноварӣ эҳтиёткор бошанд ва аз оббозӣ дар мавзеъҳои хатарнок, аз ҷумла соҳилҳои дарёҳое, ки обашон сард ва тезҳаракат аст, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин зарур аст, ки дар ҷойҳои ношинос ва он мавзеъҳое, ки лавҳаҳои манъкунандаи шиноварӣ насб шудаанд, ба об ворид нашаванд, зеро риояи чунин қоидаҳо метавонад ҷони онҳоро аз хатар эмин нигоҳ дорад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
Хатлон

Хатлон: Дар 7 моҳу 11 рӯз 61 кас ғарқ шуданд
Блоки рекламавӣ


