Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шашмоҳаи аввали сол 18 иншоот дар соҳаи варзиш ба маблағи 7 миллиону 335 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, афзуд, ки айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон дар 87 иншооти дигари варзишӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Қайд гардид, ки сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияҳои Восеъ, Ёвон 2-ададӣ, Шаҳритус, Вахш, Фархор, Муъминобод, Хуросон ва Темурмалик 1-ададӣ ба нақша гифта шуда, коршои сохтмонӣ шуруъ шудааст.
Блоки рекламавӣ